Солҳои охир робитаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии хориҷи кишвар густариш меёбад. Бино бар иттилоии мудири шуъбаи робитаҳои хориҷии донишкада Шӯҳрат Мақсудов донишкада бо 234 муассисаҳои олии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, айни замон 40 нафар донишҷӯёни донишкада дар асоси созишномаи ҳамкорӣ дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ доранд.
Илова бар ин мунтазам устодони донишкада бо дастгирии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар доираи барномаҳои сафарбаркунии академикӣ ва таҷрибаомӯзии байналмилалӣ, дар муассисаҳои беҳтарини хориҷи кишвар табодули таҷриба мекунанд ё бараъкс устодони донишгоҳҳои хориҷӣ барои ошноӣ бо фаъолияти таълиму тарбия ба донишкада ташриф меоранд.
Чунончи соли сеюм аст, ки дар доираи Барномаҳои GIZ (Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) ва Ерасмус плюс устодони донишкада дар пешрафтатарин муассисаҳои олии Олмон, Испания Полша, Латвия, Литвия, Қазоқистон, Қирғизистон такмили дониш намуда, аз вазъи таълиму тарбия, пояи моддиву техникӣ дидан намуданд. Ҳамзамон донишҷӯёни донишкада низ барои тақвияти дарсҳои азхудкардаи худ муддате дар Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таҳсил намуда, баръакс шогирдони ин донишгоҳҳо бо ҳамроҳии устодонашон моҳҳои апрел ва май дар Донишкадаи политехникӣ таҳсили илм намуданд.
Шурӯъ аз соли нави хониш дар доираи лоиҳаи «Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ» -и Барномаи Ерасмус плюс 11 нафар устодон аз давлатҳои Латвия, Литва ва Полша барои донишҷӯёни донишкада, ки дар ихтисоси технологияи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология таҳсил доранд, дарс мегӯянд. Айни замон устодон Хаваняк Масей, Марчин Ниемес ва Дегмара Зюзек аз Ҷумҳурии Полша бо истифода аз шароити хуби таълимӣ ва лабораторияҳои муҷаҳҳази факултети муҳандисӣ – технологӣ ба шогирдон дарс мегӯянд.
– Хеле хушҳол ҳастам, ки дар доираи лоиҳаи Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ» ба Хуҷандшаҳр омадам. Банда устоди кафедраи Агротехнология ва Агроэкологияи Донишгоҳи аграрии шаҳри Кракови Ҷумҳурии Полша мебошам. Ҳоло бо шавқи том ба донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дарс мегӯям. Донишҷӯёни донишкада завқи зиёд барои азхудкунии ихтисосашон дошта, мехоҳанд бештар самтҳои истеҳсоли органикӣ ва методҳои сертификатсия ва стандартизатсияи истеҳсолот дар хоҷагиҳои деҳқониро донанд. Фикр мекунам, ки лоиҳаи мазкур воқеан ҳам барои тараққиёти соҳаҳои маҳсулоти растанипарварӣ, боғу токпарварӣ ва дар маҷмӯъ сертификатсияи маҳсулотҳо заминаи хуб мегузорад. Тоҷикистон аз лиҳози мавқеи ҷуғрофиаш макони беҳтарин барои рушди хоҷагии деҳқонист. Зеро обу ҳаво имконият медиҳад, ки деҳқонон анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро парвариш ва истеҳсол кунанд ва онро ба дигар давлатҳо фурӯшанд. Барои роҳандозии ин амал гумон мекунам лоиҳа кӯмаки бештар мекунад. Эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои муаррифии шоистаи дастовардҳои соҳаи агротехнологияи кишвар заминаи хубе хоҳад буд. Бояд гӯям, ки ҳамоҳангсози лоиҳа аз Латвия Ирина Кулитане аст ва ӯ мушкиливу муаммоҳои соҳаро хубтар медонад. Мо, устодон аз ҷумҳуриҳои Полша, Латвия ва Литвия аз пазироии гарму ҷӯшони роҳбарияти донишкада хеле шодем ва боварии комил дорем, ки робитаи мо минбаъд низ қавӣ мегардад. Ифтихорманд аз он ҳастам, ки шарафи дидани чунин як шаҳри зебо ва ҷавонони ҳушёру доно насибам гардид- мегӯяд зимни сӯҳбат Хаваняк Масей.
Донишҷӯёни донишкада низ аз машғулияти устодони хориҷӣ барои худ донишҳои навро гирифта истодаанд. Мо пайгири навовариҳои устодону шогирдонем.
Источник: www.polytech.tj