Skip to content Skip to sidebar Skip to footer
National Association
of Small and Medium Business
of the Republic of Tajikistan

Чӣ тавр аъзои АМСХМ ҶТ шудан мумкин аст?

Ассотсиатсия барои дохилшавии аъзоёни нав кушода аст

Тартиб ва низоми ?абули аъзоён ба Ассотсиатсия аз устави Ассотсиатсия ва мувофиқи Низомномаи “Оиди аъзоён ба АМСХМ ҶТ” муайян мегардад. Аъзоёни Ассотсиатсия танҳо ташкилотҳои тиҷоратӣ ё/ва  ин ки соҳибкорони инфиродӣ шуда метавонанд, ки мақсад ва масъалаҳои Ассотсиатсияро, ки дар Низомнома бо шартномаи таъсисӣ акс ёфтаанд, ҳамфикр мебошанд, дар фаъолияти он иштирок менамоянд ва ҳаққи аъзогӣ месупоранд.

Барои ба аъзогии Ассотсиатсия дохил шудан,  номзад ба Дирексияи Иҷроиявии Ассотсиатсия бояд чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:

 

Ҳуҷҷатҳо дар бланки фирма тартиб дода шуда, бо мӯҳри ташкилот, имзои роҳбар тасдиқ карда мешаванд ва ба Дирексияи Иҷроиявии Ассотсиатсия пешниҳод мегарданд. Раёсат номзади аризадиҳандаро дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дида мебарояд ва дар ҳолати зарурӣ бо намояндагони ташкилоти номзад ба аъзогии Ассотсиатсия мусоҳиба ташкил менамояд, ва дар мӯҳлати на зиёда аз як моҳ аз таърихи гирифтнаи ҳуҷҷатҳо, қарори мувофиқро қабул менамояд. Дирексияи Иҷроиявии АМСХМ ҶТ номзадро оиди қабули қарор хабардор мекунад ва ба он тасдиқномаро оиди аъзошавӣ ба ассотсиатсия ирсол менамояд. Номзад бояд дар муддати 10 рӯзи рӯзҳои корӣ баъди қабули қарори Раёсат оиди қабули он ба аъзогии Ассотсиатсия ҳаққи аъзогии дохилшавӣ ва даврӣ пардохт намояд.

Дар асоси қарори Раёсат ва тасдиқи супоридани пардохти лозима, аризадиҳанда дар Маҷлиси Умумии аъзоёни Ассотсиатсия ба номзадии нави Ассотсиатсия қабул карда мешавад ва ба ӯ ҳуҷҷати намунаи муқарраршуда, ҳамаи ҳуҷҷатҳои дохилии лозимӣ ва маводҳои Ассотсиатсия супурда мешаванд. Намояндаи аз нав ба аъзогии Ассотсиатсия дохилшуда, аз рӯзи ба он супурдани ҳуҷҷати тасдиқӣ дорои ҳамаи ҳуқуқҳое мешавад.

Миқдори пардохти аъзогии дохилшавӣ ва ҳарсола:

Андози корхона Пардохти дохилшавӣ Пардохти ҳарсола
Корхонаҳои калон
(гардиши солона аз 15.000.000 ва зиёд)
Миқдори хизматчиён – 200 нафар ва зиёд
5000 сом. 5000 сом.
Корхонаҳои миёна (гардиши солона аз 600.000 то 15.000.000)
Миқдори хизматчиён – аз 50 то 200 нафар (хоҷагии қишлоқ) аз 30 то 200 (дигар соҳаҳо)
2500 сом. 2500 сом.
Корхонахои  тибқи низоми соддакардашудаи андозбандӣ бо гардиши то 500 000 сомони фаъолияткунанда. 1000 сом. 1000 сом.
Бизнес ассотсиатсияҳо ва соҳибкорони инфиродӣ (аз рӯи шаҳодатнома) 500 сом. 500 сом.