Skip to content Skip to sidebar Skip to footer
National Association
of Small and Medium Business
of the Republic of Tajikistan

Вазифа, ҳадаф ва масъалаҳо

Рисолати Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ҳидояти принсипҳои  озодӣ, бовиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ  инкишоф додани аъзоёниАсотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҷумҳурии Тоҷикистон  ва соҳибкорони мамлакат барои расидан ба пешрафти иқтисодӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорӣ ва масъулиятнокии  иҷтимоӣ.

Асоси стратегии Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо баёни манфиатҳои аъзоёни Ассотсиатсия аз як тараф ҳамчун соҳибкор, аз тарафи дигар ҳамчун истеҳсолкунандагони мол ва хизматрасонӣ, Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад фаъолона (дар чорчўбаи қонунгузории амалкунанда) дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар иштирок намояд. Аз он ҷумла дар тайёрӣ ва дар ҳаёт тадбиқ  намудани муҳимтарин ташаббусҳои қонунгузори таъсиргузоранда ба рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбуди фазои соҳибкорӣ ва беҳдошти рейтинги кишвар.

Бо назардошти маҳдудияти имкониятҳои Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳамкориҳои сиёсӣ, дар ҳалли масъалаҳои тактикӣ ва стратегӣ, Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарикони сиёсӣ такя мекунад. Инчунин кўшишҳои худро  роҷеъ ба пешрафти манфиати соҳибкорон, маҷмўан бо ташкилот ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва сиёсии дигар.

Ҳадаф ва вазифаҳои Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадафи стратегии Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз мусоидати фаъолона ба соҳибкорон (махсусан ба аъзоёни Ассотсиатсия) дар ҷараёни фоидагирии онҳо ва бо истифодабарии минбаъдаи он на танҳо ба манфиати худ, балки ба манфиани ҷамъият низ мебошад. Инчунин қонеъгардони талабот дар амният, муошират, тадбиқи худидоракунӣ ва рушди маънавӣ.

Мувофиқан ҳадафҳои стратегии Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

  • рушди тамаддунсози масъули иҷтимоии бизнес;
  • рушди усули мутаносиб, намояндагии манфиатҳои онҳо дар  ҳокимиятҳои иҷроия, қонунгузорӣ ва судӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин дар ташкилот ва иттиҳодияҳои давлатӣ, мунисипалӣ ва ҷамъиятӣ;
  • намояндагии манфиатҳои сохторҳои дар боло зикрщуда дар байни соҳибкорон, ташаккули муҳити комил барои мукотибаи кориии мунтазами намояндагони соҳибкорӣ бо сатҳҳои гуногуни намояндагони ҳукумат;
  • ташаккули симои мусбати соҳибкори муосир ва молик дар назари ҷамъият, густариши ғояҳои соҳибкорӣ;
  • иштироки фаъолона дар эҷоди  фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар маҷмўъ, ташкили корҳо оид ба ҷалби маблағҳо дар лоиҳаҳои гуногун, мусоидат дар ташкили робитаҳо бо ширкатҳои сармоягузор, фондҳои байналмиллалӣ ва ғ.;
  • ташкили алоқа бо иттиҳодияҳои тиҷоратии шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ бо мақсади таъмини шароити самаранок барои ҷустуҷўи шарикон оиди фурўши мол ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа;
  • мусоидат дар кўшишҳои давлат ва ҷомеа, ки барои таъсиси муассисаҳои асосии бозори иқтисодӣ равона карда шудааст;
  • дар соҳибкорон таъсис намудани як рўёи ҳамаҷонибаи дурнамои стратегӣ, ҳамчун рушди соҳибкорӣ дар маҷмўъ, инчунин таъсирот дар рушди тиҷоратӣ шахсии онҳо;
  • ташкили майдони ягонаи иттилоотӣ барои аъзоёни Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони онҳо бо мақсади беҳтар ва самаранок истифода намудани тамоми захираҳои мавҷуда ва имкониятҳо тариқи эҷоди ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ дар интернет-портали шахсӣ;
  • таҳияи чорабиниҳои амалӣ барои таъсиси  низоми қарзӣ-молиявии муосири таъминкунандаи имконияти гирифтани кредитҳои “арзон” таҳти кафолати ҳам давлат ва ҳам худи Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҷамъбасти таҷриба ва дониши назаррастарин ва бонуфузтарини намояндагони бизнес бо мақсади расонидани кўмак ба соҳибкорони камтаҷриба ва кам кардани хатогиҳояшон дар ташкил ва рушди соҳибкории онҳо;
  • ташкили корҳои таълимии илмӣ ва илмӣ-методӣ оид ба тайёр намудани кадрҳои муосир, ташкили фаъолиятҳои тарғиботию намоишӣ;
  • ташкили фаъолияти фарҳангӣ-фароғатии соҳибкорон бо мақсади фароҳам овардани фазои руҳиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавӣ ва ахлоқӣ;
  • мусоидат дар баланд бардоштани ҳавасмандӣ дар тарзи ҳаёти солим тавассути иштироки фаъолонаи варзишӣ ва истироҳати фаъол;
  • фароҳам овардани шароит барои ҳалли самараноки масъалаҳои марбут ба саломатии соҳибкорон ва оилаҳои онҳо, инчунин диққати бештар ба масъалаҳои муҳити зист;
  • таҳкими талошҳо барои баланд бардоштани самаранокии сармоягузории тиҷорат барои фаъолияти хайрия тавассути иштироки коллективона дар барномаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии кори фондҳои хайриявии худ;
  • ташкил ва таъмини муоширати мустақими  соҳибкорон бо ҳамдигар бо воситаи вохўриҳои корӣ, семинарҳо, конфронсҳо, тренингҳо, инчунин ташкили фаъолонаи корҳои маҳфилӣ.

Масъалаҳои тактикии Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  инҳо мебошанд:

  • ташкил ва таъмини ҳифзи сиёсию иқтисодии соҳибкорон, аъзоёни  Ассотсиатсияи миллии соҳибкории  хурд ва миёнаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • таҳлили доимӣ ва ҳамаҷонибаи амали ҷорӣ ва таҷрибаи асссотсиатсия ҳам дар бахши дастовардҳо ва ҳам дар бахши камбудиҳо, хатогиҳо ва беамалиҳо;
    мўътадилгардонии фаъолияти Ассотсиатсия дар асоси Оиннома ва Консепсия, ислоҳоти муфасссал ва доимии меъёрӣ, методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо тибқи шароити тағирёбандаи  фаъолият ва рушд;
  • ротатсияи роҳбарият, ба низом даровардан ва сегментатсияи заминаи узвияти амалкунанда, густвриши доимӣ ва  беҳбудии сифатӣ аз ҳисоби қабули аъзоёни нав;
  • такмили усулҳои пешбурд ва ҷалби аъзоёни нави Ассотсиатсияи миллии соҳибкории  хурд ва миёнаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • такмили доимии низоми мавҷудаи муносибат бо ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва  ваколатҳои ҳокимияти судӣ, таъсиси робитаҳои нав бо сохторҳои давлатӣ, мунисипалӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ, таъсиси муносибатҳо бо сохторҳои тиҷоратӣ;
  • таъсиси корхонаҳои фаръӣ ва филиалҳои сохторҳои тиҷоратӣ ва барномаҳо, аз ҷумла  оид ба таъмини хизматрасонӣ ба аъзоёни Ассотсиатсияи миллии соҳибкории  хурд ва миёнаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар шахсони манфиатдор ва ҳуқуқӣ.

Мақсади асосии Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз рушди минбаъдаи дастрас дар дарки сохтори маъмурӣ ва дастгирии мутақобилаи соҳибкорон аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии бизнеси шахсии ҳар як аъзои Ассотсиатсия мусоидат мекунад.

Вазифаи мутақобила аз фароҳам овардани шароит ва заминаҳои ҳавасмандкунандаи соҳибкорон барои иштироки фаъолона дар таҳия ва тадбиқи барномаҳои соҳибкорӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва самти иҷтимоӣ иборат аст.