Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба маълумоти шахсони манфиатдор мерасонад, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия карда шуд.
Лоиҳа аз 6 боб ва 32 модда иборат буда, дар таҳияи он аз суханрониҳо, роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, Париж, 17 октябри соли 2003, Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷумҳуриҳои Беларус, Туркманистон Ӯзбекистон, Тотористон, шаҳри Москва вобаста ба масъалаҳои ҳунармандӣ, ҳифзи молу маснуоти мероси миллӣ, лоиҳаи Қонуни федералии Федератсияи Россия «Дар бораи рушди фаъолияти ҳунармандӣ дар Федератсияи Россия» истифода бурда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи банди 9, зербанди 2 Протоколи ҷаласаи ХVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 январи соли 2017 ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонун супориш дода шуда буд.
Айни замон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» ба баррасии ҳамаҷониба, омӯзиш, дарёфти пешниҳоду хулосаҳо, фикру мулоҳиза ва тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи қонун, аз ҷумла дар сомомнаи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ гузошта шуда, аз ҳунармандон, ташкилоту ассотсиатсияҳои ҳунармандӣ, мутахассисон, олимону коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд хоҳиш карда мешавад, ки дар омӯзиш, баррасӣ ва пешниҳоди мулоҳизаҳо фаъолона иштирок намоянд.”