Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Чаро маҳсулоти Ӯзбекистон рақобатпазир асту аз Тоҷикистон не?

Дар шаҳри Душанбе, дар толори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон бахшида ба тақвияти иқтидори бахшҳои парвариши меваю сабзавот ва коркарди он пресс-кафе баргузор гардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии Hilfswerk International дар Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи Осиёи Марказӣ – Инвест VI баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кормандони масъули сохторҳои давлатии дахлдор, намояндагони бахши хусусӣ, мактабҳои олӣ, коршиносон, роҳбарони ассотсиатсияҳои тиҷоратии манфиатдор ва ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии соҳибкорони хурду миёна дар Тоҷикистон Насибахон Аминова қайд намуд, ки дар доираи лоиҳае, ки барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна, аз ҷониби ин ассотсиятсия таҳқиқоти калоне анҷом шудааст, ки танҳо ноҳияҳои минтақаи шимоли Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки баҳри пешрафти содироту воридоти маҳсулоти кишвар кӯмакрасон аст. 

sem2

Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Кисякова Раиса Павловна бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки имрӯз содироти меваю сабзавот дар Тоҷикистон нисбат ба воридот кам ба назар мерасад.

Ҳамзамон ӯ қайд намуд, ки маҳсулоти кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон рақобатпазир аст ва бояд мо низ барои рушди маҳсулоти худ аз чунин роҳҳо истифода барем.

“Чаро маҳсулоти Ӯзбекистон имрӯз рақобатпазиранд? Онҳо дар Русия пойгоҳи суғуртавии тиббии бузургеро ташкил намудаанд, ки он тариқи роҳи оҳан ва аз онҷо тавассути нақлиёт ба дигар минтақаҳои Русия равона мегардад. Чаро мо айнан ҳамин корро намекунем? Агар мо худ наметавонем, биёед дар якҷоягӣ барои рушди маҳсулоти дохилии худ ба чунин марказҳое, ки метавонанд дар минтақаҳои Русия кӯмакрасон бошанд, муроҷиат намоем”, – изҳор дошт мутахассис.

Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ натиҷаҳои ҳисобот оид ба таҷлили силсилаи истеҳсолот, коркард ва содироти меваҳои хушк, инчунин пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани монеаҳои мавҷудаи байни истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содиргарон баррасӣ гардид.

ФАРАЖ