Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Мулоқот бо намояндагони бахши хусусӣ

Соҳибкорони арҷманд,
Шарикони гиромиқадр,

Тавре иттилоъ дода шуда буд, санаи 15 сентябри соли 2017  мизи мудаввар таҳти унвони “Масъалаҳои маъмурикунонии андоз”  баргузор мегардад.

Бо мақсади таъмини шаффофият ҷиҳати интихоб, баррасӣ намудани маърӯзаҳо аз ҳисоби бахши хусусӣ  ва ворид намудан ба барномаи ин чорабинӣ иброз медорем, ки дар идораи кории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ рӯзи 31 августи соли 2017, соати 10:00 (хиёбони Рӯдаки 100, ошёнаи 11) бо намояндагони бахши хусусӣ мулоқот доир карда мешавад.

Иштироки Шуморо ба мулоқоти мазкур эҳтиромона хоҳиш менамоем.

Барои ҳамкориҳои пайваста ва судманд изҳори сипосгузорем.

Барои маълумоти иловагӣ оид ба ин мавзуъ,хоҳишмандон метавонанд ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj, ҳамчунин ба сомонаи Котибот: www.investmentcouncil.tj. муроҷиат намоянд.