[blocknumber type=”circle” text=”1″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Қоидаҳои умумӣ[/blocknumber]
1.1 Оинномаи мазкури Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки минбаъд «Ассотсиатсия» зикр мегардад, бо мақсади мутобиқат бо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, таҳрири нави Оиннома мебошад, ки рӯзи 1 сентябри соли 1993, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи феҳристи №157. ба қайд гирифта шудааст.
1.2. Ассотсиатсии ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ бо мақсади мусоидат ба аъзоёни он дар ноил шудан ба мақсадҳояшон тибқи Оинномаи мазкур пешбинӣ шудаастст.
1.3. Ассотсиатсия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ мегардонад.
1.4. Номи пурраи Ассотсиатсия:
- Бо забони тоҷикӣ: Ассотсиатсияи миллии сохибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Бо забони русӣ: Национальная Ассоциация малого и среднего бизнеса Республики Таджикистан;
- Бо забони англисӣ: National Association of Small and Medium Businesses of the Republic of Tajikistan.
1.5. Суроғаи ҳуқуқии Ассотсиатсия: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бофанда 5/1.
1.6 Ассотсиатсия ҳаққи шахси ҳуқуқӣ буданро аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш пайдо мекунад. Ассотсиатсия соҳиби амволи алоҳида буда, баланси мустақил, ҳуқуқи кушодани суратҳисобҳо, аз он ҷумла суратҳисоби асъорро дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои қарздиҳӣ дорад. Ассотсиатсия дорои мўҳри гирда, штамп, бланки дорои сабти номи худ ва дигар воситаҳои (аломатҳои) ҳаммонандсозии назарӣ мебошанд.
1.7. Ассотсиатсия барои ба даст овардани мақсадҳои худ ҳақ дорад аз номи худаш шартномаҳо бандад, инчунин ҳуқуқҳои амволӣ ва дигар ҳуқуқҳо пайдо кунад, ўҳдадориҳоро иҷро намояд, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.
1.8. Ассотсиатсия ҳақ дорад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ташкилотҳои фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо барпо намояд, муассиси (иштирокчии) ширкату ҷамъиятҳои хочагидор, аз ҷумла корхонаҳои дорои сармоягузории хориҷӣ бошад.
1.9. Дар Ассотсиатсия дар бораи муҳимтарин самтҳои фаъолият воҳидҳои таркибӣ барпо карда метавонанд.
1.10. Филиалҳо ва намояндагиҳо шахсҳои ҳуқуқӣ намебошанд. Ба онҳо аз ҳисоби Ассотсиатсия амвол ҷудо карда дода мешавад, онҳо балансҳои ҷудогона доранд, ки дар навбати худ ба баланси якҷоякардашудаи Ассотсиатсия дохил мешаванд. Ҳар як филиал (намояндагӣ) дар асосои Низомнома оид ба филиали (намояндагии) дахлдор, ки Маҷлиси умумии аъзоён тасдиқ кардааст, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакате, ки филиал ё намояндагӣ дар он ҷо воқеъ гардидааст, амал мекунад.
1.11. Ассотсиатсия барои ўҳдадориҳои худ бо тамоми амволи худ ҷавобгар мебошад. Амволе, ки ба Ассотсиатсия аъзои он додаанд, моликияти Ассотсиатсия мебошанд. Аъзои Ассотсиатсия ба амволе, ки онҳо ба моликияти Ассотсиатсия додаанд, ҳуқуқҳояшонро нигоҳ медоранд.
1.12. Аъзоёни Ассотсиатсия барои ўҳдадориҳои вай ҷавобгарии субсидиарӣ доранд.
[blocknumber type=”circle” text=”2″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Муассисон[/blocknumber]
2.1. Муассисони Ассотсиатсия ашхоси зерини ҳуқуқӣ мебошанд:
- Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Маркази илмӣ-истеҳсолии «Кибернетика» шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2007 таҳти №110-3767 ба қайд гирифта шудааст;
- Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Легаси Консалтинг» шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли 2006 таҳти №004-1458 ба қайд гирифта шудааст;
- Фонди қарзии хурди «Чилучор Чашма» шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2007 таҳти №400 «А» ба қайд гирифта шудааст;
- Ҷамъити дорои масъулияташ маҳдуди «АЛ Сервис» шахси ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 2007 таҳти №003-1330 «а» ба қайд гирифта шудааст.
[blocknumber type=”circle” text=”3″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Мақсад ва вазифаҳои фаъолият[/blocknumber]
3.1. Мақсадҳои асосии Ассотсиатсия, ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкории аъзоёни Ассотсиатсия, намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои амволии онҳо мебошад.
3.2. Ассотсиатсия барои ба амал баровардан ва расидан ба мақсади оинномавӣ вазифаҳои зеринро ба амал мебароварад:
-Баланд бардоштани қобили рақобат будани корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, мусоидат ба тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ;
-Тараққи додани инфраструктураи бозор;
-Мусоидат намудан баҳри муомилоти самараноки сармояи аъзои Ассотсиатсия, ба гардиши хоҷагӣ ҷалб намудани фонду иқтидорҳои истифодашудаи Ассотсиатсия
-Расонидани кўмаки муштарак дар шароити рақобат, таҳия ва тадбиқи ташаббус ва лоиҳаҳои якҷоя, иҷтимоӣ ва илмию тадқиқотии аъзои Ассотсиатсия;
-Намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои соҳибкорон дар мақоми ҳокимият ва идораи давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
-Ба роҳ мондани рушди алоқаҳо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо соҳибкорони хусусӣ, ташкилот дар хориҷа, мусоидат намудан ба дипломатияи халқӣ;
-Муҳайё намудани шароит ва таъминоти молиявию иқтисодӣ, кори тарбиявӣ барои соҳибкорӣ. Таъмини бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони риштаҳои мухталиф. Сарпарастӣ намудан ба ташкилотҳои фарҳангию маориф, омўзондан бо усулҳои замонавии соҳибкорӣ. Дастгирии молиявию иқтисодии кори тарбия, бозомўзӣ ва таҷрибаҳосилкунии кадрҳо;
-Ташкил намудани намоишгоҳу ярмаркаҳо, музоядаҳо (аукционҳо), инчунин семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо баҳри Рушд ва таҳкими ҳамкории амалӣ;
-Ба роҳ мондани хизматрасонии маълумотӣ, илмию методӣ, машваратӣ ва рекламавӣ бо аъзоёни Ассотсиатсия;
-Таъсис додани базаи моддию техникӣ ва иҷтимоию фарҳангии худ.
[blocknumber type=”circle” text=”4″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Тартиби қабул ба Ассотсиатсия ва баромадан аз он[/blocknumber]
4.1. Ассотсиатсия барои дохил шудани аъзои нав кушода аст.
4.2. Аъзоёни Ассотсиатсия ашхоси дар моддаҳои 4.1. нишондодашуда шуда метавонанд, ки Оинномаи онро эътироф мекунанд, барои ба амал баровардани мақсадҳо ва иҷро кардани вазифаҳое, ки дар назди Ассотсиатсия истодаанд, саҳм гузошта метавонанд.
4.3. Ба Ассотсиатсия қабул кардани узви нав аз тарафи Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия дар асоси аризаи ба номи Раиси Ассотсиатсия пешниҳодкардашуда ба амал бароварда мешавад. Аризадиҳанда ўҳдадон аст дар муддати 10 рўз баъди қабул шудани қарори Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия дар бораи қабул ба аъзогӣ ҳаққи аъзогиро пардохт намояд.
Номзад ба ҷумлаи аъзоёни Ассотсиатсия баъди додани ҳаққи дохилшавӣ қабулшуда ҳисоб карда мешавад
4.4. Ҳуқуқи аъзои Ассотсиатсия ба шахси сеюм дода шуда наметавонад.
4.5. Аз ҳайати Ассотсиатсия баромадани аъзоёни он бо роҳи додани аризаи хаттӣ сурат мегирад. На дертар аз се моҳи баъди додани ин гуна ариза Ассотсиатсия ўҳдадор аст:
– мўҳлатҳои баргардонидани амволеро муайян намояд, ки ин узв ба истифодаи муваққатии Ассотсиатсия додааст;
– андоза ва мўҳлатҳои аз тарафи узв баргардонида шудани амволе, ки вай аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсия харидааст ё дар истифодаи ў мебошад, муайян намояд;
– ба аъзои хориҷшаванда аз рўи шартномаҳои ба Ассотсиатсия басташуда ҳисобии молиявию кредитӣ кунад;
– тартиби аз тарафи узв иҷро кардани ўҳдадориҳои ба зимма гирифта нисбати аъзоёни дигари Ассотсиатсия ва Ассотсиатсия муайян намояд;
– баъди ҳал карда шудани масъалаҳои мазкур дар Маҷлиси умумии наздиктарини аъзоёни Ассотсиатсия қарор дар бораи баровардани аризадиҳанда аз ҳайати аъзоёни Ассотсиатсия тасдиқ карда мешавад.
4.6. Ҳаққи дохилшавӣ ба андозаи қисме баргардонида мешавад, ки барои иҷрои барномаи мақсаднок истифода карда нашуда буд.
4.7. Узви Ассотсиатсия ҳақ дорад баъди ба охир расидани соли молиявӣ аз он барояд.
4.8. Узви хориҷшудаи Ассотсиатсия аз рўи ўҳдадориҳои Ассотсиатсия мутасносиб ба ҳиссаи худ дар давоми ду сол аз рўзи хориҷшавӣ ҷавобгарии субсадиарӣ дорад.
[blocknumber type=”circle” text=”5″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзоҳои Ассотсиатсия[/blocknumber]
5.1. Аъзоёни Ассотсиатсия ҳақ доранд:
– дар идоракунии корҳои Ассотсиатсия иштирок намоянд;
– дар бораи фаъолияти Ассотсиатсия, нақшаю барномаҳои он маълумоту ахборот гиранд;
– аз мақомоти идоракунандаи Ассотсиатсия дар бораи вазъи иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии Ассотсиатсия ва пешниҳодҳои худ маълумот талабанд;
– ба рўзномаи Маҷлисҳои умумии аъзоёни Ассотсиатсия пешниҳодҳо кунанд;
– ба мақомоти роҳбарикунандаи Ассотсиатсия аз рўи ҳама гуна масъалаҳои бо фаъолияти он вобаста муроҷиат намоянд;
– аз Ассотсиатсия ёрии машваратӣ , методӣ, ҳуқуқӣ ва дигар кўмакҳо гиранд;
– аз ҳуқуқи афзалиятноки истифодаи манбаи ахборотии Ассотсиатсия, маҳсулоти истеҳсолкарда ва хизматрасониҳои Ассотсиатсия инчунин аз ҳуқуқи аввалияти иштирок дар чорабиниҳои мегузаронидагии Ассотсиатсия бохабар шаванд;
– аз гузаштҳо имтиёзҳо ва хизматрасониҳое, ки маҷлиси умумӣ барои аъзоёни Ассотсиатсия муқаррар кардааст, истифода намоянд;
– дар асосо шартноваваз хизматрасониҳои ташкилотҳое, кидар дохили Ассотсиатсия барпо карда мешаванд, истифода кунанд;
– амволро ба моликияти Ассотсиатсия супоранд;
– дар сурати барҳам дода шудани Ассотсиатсия як қисми амволи вайро, ки баъди ҳисоббаробаркунӣ бо қарздиҳандагон боқӣ мемонад, ба андозаи ҳиссаи амволии дохилшавии худ гиранд.
5.2. Аъзоёни Ассотсиатсия вазифадоранд:
– қоидаҳои Оиннома ва ҳуҷҷатҳои дохилии Ассотсиатсияро риоя намоянд;
– пардохтҳои даврагӣ (ҳарсола) ва мақсаднокро, ки андозаи онҳоро Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия муайян менамояд, сари вақт иҷро намоянд;
– маълумотеро, ки барои ҳалли масъалаҳои ба фаъолияти вай алоқаманд зарур аст, диҳанд.
5.3. Товони зараре, ки ба Ассотсиатсия бо гуноҳи аъзоёни вай расонда шудааст, бо қарори Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия пурра аз ҳисоби онҳо дода мешавад. Маблағе , ки бояд ба сифати товони зарари аз тарафи онҳо расонидашуда дода шаванд, на дертар аз 10 рўзи қабули қарор ба ҳисоби ҷории Ассотсиатсия гузошта мешаванд.
5.4. Он узви Ассотсиатсия, ки вазифаҳояшро мунтазам иҷро намекунад, ё ўҳдадориҳои дар назди Ассотсиатсия қабулкардаашро вайрон кардааст, инчунин бо амалҳо ё беамалиҳои худ ба кори мўътадили Ассотсиатсия монеъ мешавад, бо қарори Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия аз ҳайати он хориҷ карда шуда метавонад.
[blocknumber type=”circle” text=”6″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Идоракунии Ассотсиатсия[/blocknumber]
6.1. Сохтори Ассотсиатсия иборат аз мақомоти зерин:
а) Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия – Мақоми Олии идоракунии Ассотсиатсия, дар вақти даъвати навбатӣ ва ғайринавбатии маҷлис амал мекунад.
б) Раёсати Ассотсиатсия – мақоми олии доимоамалкунандаи Ассотсиатсия, масъул барои идоракунии умумии фаъолияти Ассотсиатсияи дар давраи байни Мачлисхои умуми, инчунин барои иҷро ва татбиқи ҳамаи қарорҳои Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия, асосан дар соҳаи сиёсӣ, вале маҳдуд нашудан бо он;
в) Директори иҷроия – мақомоти иҷроияи доимоамалкунандаи Ассотсиатсия, идораи фаврии фаъолияти ҷории Ассотсиатсияро амалӣ ва иҷрои қарорҳои Раёсат ва Маҷлиси Ассотсиатсияро таъмин менамояд.
Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия
6.2. Мақоми Олии идоракунии Ассотсиатсия Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия (намояндагони онҳо) мебошанд.
6.3. Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия ҳаққи қабули қарори ҳамаи масъалаҳои оид ба фаъолияти Ассотсиатсияро дорадэ
6.4. Қарори Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия танҳо аз ҷониби худи Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия бекор карда мешавад.
6.5.Ба салоҳияти истисноии Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия инҳо мансубанд:
1. ворид намудани тағироту иловаҳо ба Оинномаи Ассотсиатсия
2. муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолият, принсипҳои ташкил ва истифодаи амволи вай
3. муайянсозии принсипи ташкилёбӣ ва истифодаи молу мулки Ассотсиатсия
4. Интихоби аъзоёни Раёсат, Раис ва Ҷонишини раис, Раис ва аъзоёни Комиссияи тафтишотӣ
5. Қабули карор оид ба пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзоёни Раёсат, Раис ва ҷонишини Раис, Раис ва аъзоёни Комиссияи тафтишотӣ, директорияи иҷроия
6. Қабул ва тасдиқи Мавқеъ оид ба: Маҷлиси умумӣ, Раёсат, Комиссияи тафтишот, Аъзогӣ; дигар актҳои нормативӣ-ҳуқуқии дохилии Ассотсиатсия метавонанд аз ҷоиби Раёсат ва ё директорияи иҷроия вобаста ва дар ҳадди салоҳияти онҳо тасдиқ шавад.
7. Кабул ва тасдиқи методҳои ба нақшагирии кори Раёсат ва Комиссияи тафтишотии Ассотсиатсия, тасдиқи ҳисобот солона ва баланси муҳосибавии солона, тасдиқи ҳисобот ва хулосаҳои Комиссияи тафтишотӣ
8. Муқарар ва тасдиқи ҳаҷм ва намуди ҳаққи аъзогӣ
9. Тасдиқ ва тағири буҷаи (нақшаи молиявӣ) Ассотсиатсия
10. Таъсис намудани филиалҳо ва кушодани намояндагиҳо
11. Бекоркунии қарори Раёсати Ассотсиатсия ҳангоми чунин зарурат
12. Аъзо ва ё иштироки Ассотсиатсия дар дигар ташкилотҳо
13. Қабул кардани қарор дар бораи азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ассотсиатсия
14. Тасдиқ кардани балансҳои барҳамдиҳӣ
6.6. Ҳамаи аспектҳои фаъолияти Маҷлиси умумӣ, ваколатҳо ва масъулиятҳои вай аз рўи Оинномаи мазкур ва Низомнома оиди Маҷлиси умумӣ муайян ва идора карда мешавад.
Раёсати Ассотсиатсияи
6.7.Мақомоти доимоамалкунандаи Ассотсиатсия Раёсати Ассотсиатсия аст.
6.8.Раёсати Ассотсиатсия иборат аз аъзоёни Ассотсиатсия, ки ба сифати аъзоёни Раёсат дар Маҷлиси умумии Ассотсиатсия интихобшудаанд.
6.9.Раёсат идоракунии умумии фаъолияти Ассотсиатсияро дар даврахои байни Мачлисхои умуми амали мегардонад.
6.10.Раёсат ҳисоботдиҳанда ва таҳти назорати Маҷлиси умумии Ассотсиатсия.
6.11.Раёсат чавобгар аст оид ба ичро ва амали намудани хамаи карорхои Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия.
6.12.Карори Раёсати Ассотсиатсия метавонад аз ҷониби Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия ҳангоми зарурат бекор карда шавад.
6.13.Раёсати ҳамчун мақоми ваколатдор аз номи Маҷлиси умумии Ассотсиатсия амал мекунад ва ҳуқуқ барои муайян намудани самти фаъолияти Ассотсиатсия, қабул, тасдиқи барномаҳо, лоиҳаҳо ва кори мақомоти иҷроияи Ассотсиатсияхоро доранд.
6.14.Раёсат сиёсати Ассотсиатсияро фаъолона пеш мебарад ва маблағхоро дар буҷети солона таксим менамояд.
6.15.Салоҳияти истисноии Раёсати Ассотсиатсия иборатанд аз:
1. даъвати солона ва ғайринавбатии Маҷлиси умумии Ассотсиатсия, инкишоф додани рӯзномаи Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия;
2. ташкил ва вориди пешниҳодҳо барои баррасии Мачлиси умуми оид ба самтҳои асосии фаъолият дар Ассотсиатсия;
3. ворид кардани пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба азнавташкилдиҳии Ассотсиатсия
барои аз руи он қабул намудани қарорҳои Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия.
4. ворид кардани тағйирот ба ҳайати Раёсат бо тасдиқи минбаъдаи он дар Маҷлиси умумии навбатии;
5. тасдиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои махсуси Ассотсиатсия;
6. қабул намудани аъзоёни нав ба Ассотсиатсия ва хориҷи аъзоён аз Ассотсиатсия;
7. тасдиқи қоидаҳои дохилии Ассотсиатсия, аз ҷумла муқаррарот «Дар бораи Дирексияи иҷроия» ва «Дар бораи хизматрасонии Ассотсиатсия,” ба истиснои муқаррароти Раёсати, аз ҷониби маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия тасдик шуда;
8. тасдиқи сафи Кумитахои Доимӣ, комиссияхо, бахш ва гурӯҳҳои кории Ассотсиатсия ва мавкеи онҳо;
9. ихтиёрдории молу мулк ва маблағҳои Ассотсиатсия;
10. тасдиқи баланси (тавозуни) Ассотсиатсия ва ҳисоботи Дирексияи иҷроияи Ассотсиатсия;
11. назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси умуми ва Раёсати Ассотсиатсия аз чониби Шӯрои иҷроия ва мақомоти дигари Ассотсиатсия;
12. тасдиқи хулосаи созишнома аз тарафи Шӯрои иҷроия ба маблағи зиёда аз ҳадди арзиши фарзкардашуда;
13. тасдиқ ба вазифаи Директори иҷроия;
14. ташкили тафтиши аудитии фаъолияти молиявии Ассотсиатсия ва андозаи подоши пардохт барои гузаронидани онҳо;
15. пешниҳод ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни Ассотсиатсия;
16. татбиқи фаъолиятҳои дигар, ки ба истиснои салоҳияти Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия марбут нест.
6.16.Тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Раёсати Ассотсиатсия, ваколатҳо ва масъулиятҳои он, тартиботи дохилӣ, принсипҳо ва тартиби қабули қарорҳо ва дигар масоилҳо муайян ва танзим карда мешаванд дар ин Оиннома ва Низомнома дар бораи Раёсат.
6.17.Дар давраи байни маҷлиси умумӣ ва ҷаласаҳои Раёсат фаъолияти Ассотсиатсия таҳти роҳбарии Раиси Раёсат мебошад.
6.18.Раиси Раёсат сардори Раёсат мебошад ва дар ҳамаи ташкилотҳо Ассотсиатсияро намояндагӣ мекунад, аз номи Ассотсиатсия бе ваколатнома амал мекунад.
6.19.Раиси Раёсат аз ҷониби маҷлиси умумии Ассотсиатсия аз миёни аъзоёни Раёсат ба мӯҳлати аз се (3) сол интихоб шуда, метавонанд такроран барои мӯҳлати дуюм интихоб карда шаванд.
6.20.Раис дар маҷлиси умумии Ассотсиатсия ва дар ҷаласаи Раёсат раиси мекунад.
6.21.Тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Раиси Раёсати Ассотсиатсия, ваколат ва масъулият ва масъалаҳои дигари он муайян ва танзим карда шудаанд дар ин Оиннома ва Низомнома дар бораи Раёсат.
Дирексияи иҷроия
6.22. Мақомоти иҷроия ва доимии Ассотсиатсия Дирексияи иҷроияи он мебошад. Сардори кории Дирексияи иҷроияи Ассотсиатсия Директори иҷроияи он.
6.23. Директори иҷроия бо пешниҳоди Раиси Ассотсиатсия ба вазифа аз ҷониби Раёсати Ассотсиатсия тасдиқ карда мешавад, пешбарии аъзоёни Ассотсиатсия ва ё Раёсат бо роҳи худпешбарӣ ҳам иҷозат дода мешавад.
6.24. Иҷроияи Раёсат ҳисоботдиҳанда ба Раёсат ва Маҷлиси умумии Ассотсиатсия ва масъули ташкили дурусти кори мақомоти иҷроияи Ассотсиатсия аст.
6.25. Қарори Дирексияи иҷроия метавонад аз ҷониби Раёсат ва Маҷлиси умумии Ассотсиатсия аз рўи зарурат метавонад бозхонда шавад.
6.26. Раёсати Иҷроия идоракунии фаврии фаъолияти ҷории Ассотсиатсияро амалӣ карда, иҷрои қарорҳои Раёсат ва Маҷлиси умумии Ассотсиатсияро таъмин менамояд.
6,27. Директори иҷроия дар доираи салоҳияти худ ва бо ҳидояти ин Оинномаи мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия ё Раёсат тасдиқ карда:
6.27.1. тайёр намудани ҳуҷҷатҳои оид ба масъалаҳои баррасии Раёсат ва Маҷлиси умумӣ пешноҳодшударо ташкил, инчунин даъвати ҷаласаҳои мақомоти роҳбарикунандаи Ассотсиатсияро таъмин мекунад;
6.27.2. барои баррасии Раёсат ва маҷлиси умумӣ ҳисоботи молиявӣ ва дигар ҳисоботҳоро таҳия ва пешниҳод мекунад;
6.27.3. тасдиқи шумури кормандон ва ҷадвали штати директорияи иҷроия, муайян намудани андозаи музди кормандони Дирексияи иҷроия дар доираи фонди музди меҳнати аз ҷониби Маҷлиси умумӣ тасдиқ шудаи будҷет дар Низомномаи «Дар бораи тартиби додан музди меҳнат ва мукофотпулӣ» тасдиқ карда мешавад.
6.27.4. ташкил ва назорати кори ҷории Раёсати иҷроияи Ассотсиатсия ва иҷрои қарорҳои Раёсат ва Маҷлиси умумӣ;
6.27.5. он аз номи Ассотсиатсия аз руи ваколатномаи аз ҷониби Раиси Раёсати Ассотсиатсия додашуда амал мекунад;
6.27.6. бо дастури мақомоти роҳбарикунандаи Ассотсиатсия, Ассотсиатсияро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомотҳо намояндагӣ мекунад;
6.27.7. бурдани ҳисоботи муҳосибӣ, оморӣ, андоз ва дигар ҳисоботҳо ва пешниҳоди ҳисоботдиҳӣ аз тарафи Ассотсиатсияро ташкил мекунад;
6.27.8. маблағҳо ва молу мулки Ассотсиатсияро дар ихтиёр дорад, муносибати додугирифтӣ мебандад, суратҳисобҳои бонкӣ мекушояд, шартномаҳо ва созишномаҳо ба имзо мерасонад ва ҳуҷҷатҳои молиявиро дар доираи ваколатҳои худ ва тибқи Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассотсиатсияро тасдиқ мекунад ;
6.27.9. ҳамкории ҷорӣ бо аъзоёни Ассотсиатсия ва кори татбиқи барнома ва лоиҳаҳои Ассотсиатсияро таъмин менамояд;
6.27.10. кабул ва аз вазифа озод намудани кормандони Дирексияи иҷроияро мувофиқи ҷадвали ҳайати тасдиқшуда амалӣ мегардонад, уҳдадориҳои хизматии кормандони Дирексияи иҷроияро муайян, дастурҳои уҳдадориҳоро тасдиқ мекунад, шароити корро муайян ва таъмин менамояд, масъалаҳои оид ба ҷавобгарии интизомро ҳал месозад ва масъули вазъи бойгонии Ассотсиатсия аст;
6.27.11.ўҳдадориҳои дигари оид ба таъмини фаъолияти Ассотсиатсия ва татбиқи қарорҳои Раёсат ва Маҷлиси умумиро иҷро менамояд.
6.28. Тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Дирексияи иҷроияи Ассотсиатсия, ваколат ва масъулият ва масъалаҳои дигари он дар Оинномаи мазкур ва Низомнома дар бораи Дирексияи иҷроия муайян ва ба танзим дароварда шудаанд.
[blocknumber type=”circle” text=”7″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Амвол. Фаъолияти молиявию-хоҷагидорӣ[/blocknumber]
7.1. Амволи Ассотсиатсия аз ҳисоби маблағҳои зерин ба вуҷуд оварда мешавад:
7.1.1.пардохтҳои дохилшавӣ, даврагӣ (ҳарсола), аъзогӣ ва мақсадноки ҳиссагузорон ва аъзоёни Ассотсиатсия;
7.1.2. пардохти эҳсонкорона;
7.1.3. пардохтҳо ва хайрияҳои ихтиёрона;
7.1.4. маблағҳое, ки аз иҷрои шартномаҳои мутобиқи мақсадҳои оинномавӣ басташуда ба даст оварда шудаанд;
7.1.5. дигар сарчашмаҳое, ки ба қонунгузорӣ мухолифат намекунанд.
7.2. Аъзоҳаққии ибтидоии ҳарсоларо ҳар як аъзои Ассотсиатсия дар давоми моҳи якуми тақвими баъди соли молиявии ҳисоботи меомадагӣ медиҳад.
7.3. Пардохтро ҳар як номзад ба аъзогии Ассотсиатсия бо пул, қоғазҳои қимматнок, дигар амвол ва ҳуқуқи ғайриамволӣ ё бо ҳар гуна дигар ҳуқуқе, ки нархи пулӣ дорад, дода метавонад. Арзиши амволи гузашташаванда бо мувофиқати байни аъзоёни Ассотсиатсия ва Маҷлиси умумӣ, чӣ бо асъори миллӣ ва чӣ бо асъори хориҷӣ арзёбӣ карда мешавад. Аъзоёни Ассотсиатсия ҳуқуқи ихтёрдории амволеро, ки ба сифати пардохт додааст, гум мекунад.
Андозҳои пардохтҳо, инчунин тағйироти ба мўҳлат ва шаклҳои додани пардохтҳои дохилшавӣ алоқамандро Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия муайян менамоянд.
7.4. Ҳаққи дохилшавиӣ ва аъзоҳаққии ҳарсола барои таъминоти дастгоҳи идоракунӣ, хизмати машваратӣ ва таъмини фаъолияти пешбиникардаи ҳамин оиннома истифода кардамешанд.
7.5. Пардохтҳои мақсаднок барои бо маблағ таъминкунии чорабиниҳо ва барномаҳои конкретӣ таъин карда шудаанд. Мўҳлат, андоза ва шакли пардохтро Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия муқарар менамояд.
7.6. Ассотсиатсия метавонад дар моликияташ биноҳо, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом, маблағҳои пулиро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ қоғазҳои қимматнок, дигар амволро дошта бошад, ки арзиши он дар баланси мустақили Ассотсиатсия нишон дода мешавад. Ассотсиатсия метавонад дар истифодаи бемўҳлаташ қитъаҳои замин ва дигар амволи дар гардиш номаҳдуд ва аз гардиш хориҷкардашударо дошта бошад.
[blocknumber type=”circle” text=”8″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Назорати молиявӣ[/blocknumber]
8.1. Ассотсиатсия ҳисоботи муҳосибавӣ ва фаврии фаъолияти худро ба роҳ мемонад, ҳисоботдиҳии оморӣ ва муҳосибавӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
8.2. Ҷамъбасти фаъолияти Ассотсиатсия дар ҳисобот ва баланси солона инъикос мегардад.
8.3. Барои муайян ва бартараф намудани ноқисиҳо дар кори Ассотсиатсия тафтиши ҳаматарафа гузаронида мешавад.
8.4. Ассотсиатсияи барои тафтиш ва тасдики дурустии ҳисоботи молиявии солона метавонад ҳар сол як аудитори касбии бо манфиатҳои молумулкии Ассотсиатсия алокаманд набударо чалб намояд.
8.5. Мақомоти назоратӣ аз болои фаъолияти Ассотсиатсия, Кумитаи тафтишотӣ аст. Раис ва аъзои комиссия таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд бо қарори Маҷлиси умумии Ассотсиатсия.
8.6. Комиссияи тафтишоти аз ҷониби Маҷлиси умумии Ассотсиатсия аз байни аъзоёни Ассотсиатсия барои мӯҳлати 2 сол интихоб мешаванд. Шумораи Кумитаи тафтишотӣ аз ҷониби Маҷлиси умумии Ассотсиатсия муайян кард амешавад, вале на бояд камтар аз 3 (се) нафар бошанд. Аъзоёни Кумитаи тафтишотӣ аз аъзоёни мақомоти роҳбарикунандаи Ассотсиатсия шуда наметавонанд.
8.7. Комиссияи тафтишотӣ санҷишҳоро на камтар аз як маротиба дар як сол мегузронад.
8.8. Санҷиш аз ҷониби комиссияи тафтишотӣбо супориши Маҷлиси умумӣ, бо ташаббуси худ ва ё аз руи талаботи на камтар аз 10% (даҳ фоиз)-и аъзоёни Ассотсиатсия амалӣ карда мешавад.
8.9. Аъзоёни тафтишотӣ ҳақ доранд аз Директорияи иҷроия ва дигар шахсони роҳбарикунанда пешниҳоди ҳама гуна ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва эзоҳоти шахсияшонро талаб намоянд.
8.10. Аъзоёни тафтишоӣ ҳақ доранд даъвати ғайринавбатии Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсияро талаб намоянд, агар ба манфиатҳои ў хатари ҷиддӣ пайдо шавад.
8.11. Комиссияи тафтишотӣ аз рўи ҳисобот ва баланси солонаи Ассотсиатсия натиҷабандӣ мекунад. Бе натиҷабандии Комиссияи тафтишотӣ Маҷлиси умумии Ассотсиатсия ҳуқуқи тасдиқ кардани балансро надорад. Раиси Комиссияи тафтишотӣ имзои худро дар гузориши солона барои тасдиқи мувофикати он бо вазъи воқеии кор дар Ассотсиатсия мегузорад.
8.12. Ассотсиатсия вазифадор аст ба аъзоёни Ассотсиатсия аз руи дархосташон на дертар аз 10 рўзи кориаш аз лаҳзаи пешниҳоди дархост ба Котиби Раёсат ҳисоботи солонаи Ассотсиатсия, баланси муҳосибӣ ва дигар маълумотҳои роҷеъ ба фаъолияти Ассотсиатсияро, ки дар ихтиёр дорад, пешниҳод намояд.
8.13. Тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Кумитаи тафтишотии Ассотсиатсия, ваколату масъулият ва масъалаҳои дигари он аз тарафи Оиннома ва Низомнома дар бораи Комиссияи тафтишотӣ муайян ва ба танзим дароварда мешавад.
[blocknumber type=”circle” text=”9″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Ассотсиатсия[/blocknumber]
9.1. Азнавташкилдиҳии Ассотсиатсия бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад. Азнавташкилдиҳӣ дар шакли якҷоякунӣ, ҳамроҳкунӣ, тақсимкунӣ, ҷудокунӣ ба амал бароварда мешавад. Ассотсиатсия метавонад ба хазина, ширкат ё ҷамъияти хоҷагидорӣ табдил дода шавад.
9.2. Барҳамдиҳии Ассотсиатсия бо қарори Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия ё суд ба амал бароварда мешавад.
9.3. Роҳбарияти Ассотсиатсия ё мақомоте, ки дар бораи барҳамдиҳи он қарор қабул кардааст бо мувофиқати мақоми бақайдгирии давлати комиссияи барҳамдиҳиро таъин намояд ва тартибу мўҳлати барҳамдиҳиро муқарар мекунад.
9.4. Аз лаҳзаи таъин карда шудани комиссияи барҳамдиҳи ваколатҳои идора кардани корҳои Ассотсиатсия ба вай мегузаранд.
9.5. Комиссияи барҳамдиҳи дар нашрияҳои матбуоти дар бораи барҳам дода шудани Ассотсиатсия, тартиб ва мўҳлати арзи талабҳои қарздиҳандагони вай маълумот чоп мекунад.
9.6. Баъди ба охир расидани мухлати арзи талабҳои қарздиҳандагон комиссияи барҳамдиҳи баланси фосилавии барҳамдиҳиро тартиб медиҳад. Баланси фосилавии барҳамдиҳиро Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия ё мақоме, ки дар бораи барҳамдиҳии он қарор қабул кардааст қарор қабул мекунад.
9.7. Баъди ба охири расидани ҳисобу китоб бо кредиторон Комиссияи барҳамдиҳи баланси барҳамдиҳиро тартиб медиҳад, ки онро Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия ё мақоме, ки дар бораи барҳамдиҳии он қарор қабул кардааст тасдиқ мекунад.
9.8. Амволе, ки баъди қонеъ намудани талабҳои қарздиҳандагон боқи мрндааст, байни аъзоёни он дарҳудуди андозаи пардохти амволии дохилшави тақсим карда мешавад. Қисми боқимондаи амволе, ки арзиши он аз андозаи пардохтҳои амволии аъзои Ассотсиатсия зиёд аст, ба мақсадҳое, ки Ассотсиатсия баҳри онҳо барпо карда шуда буд, ё барои мақсадҳои эҳсонкори равона карда мешавад.
9.9. Барҳамдиҳи ба охир расида ва Ассотсиатсия фаъолияти худро қатъ гардонида мешавад аз лаҳзаи дохил намудани маълумоти дахлдор ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқи аз ҷониби мақомоти давлатии бақайдгиранда.
[blocknumber type=”circle” text=”10″ color=”#FFF” background=”#34BCF5″]Қабул ва тасдиқи Оинномаи Ассотсиатсия[/blocknumber]
10.1.Оиномаи мазкур ва тамоми иловаю тағиротҳои он бо қарори Маҷлиси умумии аъзоёни Ассотсиатсия тасдиқ карда мешавад.
10.2. Тамоми тағирот ва иловаҳо ба Оинномаи Ассотсиатсия аз рўи тартиби муқарраршудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешавад.