Хуш омадед ба Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016
Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» бо иштироки Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябри соли ҷорӣ Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ – имконияти нави сармоягузорӣ ба Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Дар Форум аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони баландпояи ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, коршиносон, роҳбарон, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии бахши соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок намуда, дар шаш бахши пленарии он вобаста ба соҳаҳои афзалиятноки рушди истеҳсолоти ватанӣ, саноати сабук ва бофандагӣ, маъдан ва масолеҳи сохтмон, кишоварзӣ ва хўрокворӣ, сайёҳӣ, ҷалби технологияи муосир, коркарди маҳсулот ва вусъат додани занҷираи арзиши иловашуда, воридот ва содирот, ташкили кластерҳои саноатӣ, рушди истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ барои истеҳсолот ва дигар мавзуъҳо муаррифномаҳо пешниҳод мегардад ва атрофи масъалаҳои зикршуда миёни иштирокчиёни форум мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.
Дар Форум таваҷҷуҳи асосӣ ва вақти бештар ба мулоқот ва суҳбатҳои мустақими байни сармоягузорону соҳибкорон дода шуда, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон дар формати В2В (Business-to-Business (B2B) ва вазорату идораҳо бо соҳибкорону сармоягузорон (Business-to-Government (B2G) ташкил дода мешаванд, ки ин барои роҳандозӣ ва барқарор кардани робитаҳои тиҷоратӣ миёни онҳо имконияти васеъ медиҳад.
Иштироки Шумо дар Форум ба фазои кор ва хамкории минбаъда раванди тоза мебахшад