Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Национальная Ассоциация
малого и среднего бизнеса
Республики Таджикистан

Лоиҳаи ”Рушди сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистон ва Тоҷикистон”

[block color=”#FFF” background=”#7D2828″ text-align: justify;]

Осиёи Миёна Инвест (Central Asia Invest)

Барномаи Иттиҳоди Аврупо Осиёи Миёна Инвест III барномаи минтақавӣ буда, барои кумаки рушди иқтисодиёти устувор дар давлатҳои Осиёи Миёна бо тавассути рушди корхонаҳои хурду миёна равона карда шудааст.
Аз 2007 сол сар карда барномаи Осиёи Миёна Инвест (Central Asia Invest) оғоз гардидааст, барои мустаҳкам ва тараққӣ додани сектори шахсӣ, алалхусус барои ташкилотҳои хурду миёнаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ўзбекистон мусоидат мекунад. Барнома дар ду сатҳ кор мекунад: дар сатҳи ташкилотҳои миёнарави тиҷоратии Осиёи Миёна ва барои беҳтар намудани муҳити тиҷоратӣ.[/block]

Лоиҳа ба сектори коркарди меваю сабзавот равона карда шуда диқати худро ба саволҳои асосии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ НАССР ва маркетинг гузоштааст.

Мақсад илоиҳа:

Мақсади асосии лоиҳа: кўмак барои рушди корхонаҳои хурду миёнае, ки дар сектори коркарди меваю сабзавот дар Қирғизистону Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Масъалаи асосии лоиҳа: Омўзиш оиди бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ НАССР ва маркетинг, ки типқи лоиҳа ҳар семоҳа, аз охири моҳи июни соли 2014 сар карда, гузаронида мешавад.

Иштирокчиёни омўзиш:
1. Ташкилотҳое, ки ба корхонаҳои хурду миёна кумаки машваратӣ медиҳанд, дар сектори коркарди меваю сабзавот;
2. Бевосита корхонаҳои хурду миёна, дар сектори коркарди меваю сабзавот.
 
Ғайр аз омўзиш, лоиҳа ба нақшагирифтааст:

  • Интихоб ва машварати корхонаҳои хурд ва миёнаи таҷрибавӣ;
  • Мубодилаи таҷриба байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин байниминтақаҳои дохили давлат, дар сектори коркарди меваю сабзавот;
  • Сафари таълимӣ ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо барои гирифтани донишу малака оиди НАССР ва дигар нуқтаи назар барои баланд бардоштани рақобат дар бозор;
  • Иштирок дар намоишгоҳҳои профилӣ;
  • Таҳқиқи маркетинги бо хоҳиши иштирокчиёни омўзиш;
  • Қисмати дастгирии рушди базаи қонунгузорӣ;
  • Семинарҳои мавзўӣ;
  • Сертификатсияи байнидавлатии тренерон оиди НАССР ба иштирокчиёни интихобшудаи лоиҳа, вусъатдодани маълумот.
 

[bubble background=”#736357″ color=”#fff” border=”3px solid #736357″ author=”Давомнокии лоиҳа: 24 моҳ. Аз 1-ми январи соли 2014 то 31 декабри соли 2015.”]Лоиҳа аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии BritishExpertise (Британияи Кабир), Ассотсиатсияи муасисаҳои саноати хўроквории Қирғизистон ва Ассотсиатсияи миллии сохибкории хурду миёнаи Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар чорчубаи Барномаи Central Asia Invest III баргузор мегардад.[/bubble]
Ташкилотчиёни лоиҳа: