Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Национальная Ассоциация
малого и среднего бизнеса
Республики Таджикистан

“Муносибати интегратсионӣ барои пешбурди корхонаҳои хурду миёнаи (КХМ) Осиёи Марказӣ оид ба коркарди чормағз, хушкмева ва асал-CANDY”

[block color=”#444″ background=”#ccc” text-align: justify;] Шурўъ аз соли 2011 Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии  Hilfswerk Austria International дар Тоҷикистон ва  шариконаш лоиҳаи  “Муносибати интегратсионӣ барои пешбурди корхонахои хурду миёнаи (КХМ) Осиёи Марказӣ оид ба коркарди чормағз, хушкмева ва асал-CANDY”-ро ба ўҳда доштанд.

Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи марҳилаи дуюми барномаи “Осиёи Марказӣ-Инвест II ” маблағгузорӣ карда шуд.

Дар доираи маблағгузории марҳилаи сеюми барномаи “Осиёи Марказӣ-Инвест III ” таъсиси веб-саҳифаҳои  CANDY пешбинӣ шудааст, ки якҷоясозии захираҳои техникӣ оид ба бахши коркард ва равонашуда ба дастгирии  иттилоотии  корхонахои хурду миёна, содироти мол ба бозорҳои хориҷа, аз ҷумла Аврупоро дар бар мегирад.[/block]
Гурўҳи мақсадноки веб-саҳифа инҳо ҳастанд: бахши корхонахои хурду миёна, миёнаравони соҳаи кишоварзӣ, истеъмолкунандагон, ассотсиатсияҳои касбӣ, иттиҳодияҳои фермерон, ассотсиатсияҳои коркардкунандагон ва фурўшандагон.
Умедворем, ки маводҳои ҷойдодашуда барои аудиторияи васеъ муфид хоҳад буд.