Татбиқи саривақтии барномаи Global G.A.P. ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки содиротро дар ин самт афзоиш дода, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ пайдо намоянд.
Дар Тоҷикистон бахши хусусӣ барои татбиқи равиши кластерӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи стандарти Global G.A.P. дар соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дастгирӣ ёфта, дар Нақша-чорабиниҳо барои амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Бо мақсади татбиқи ин ташаббусҳо, дар доираи як қатор кори гуруҳӣ дастгирии бахши хусусӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи муносибати ҳамоҳангшуда ба таҳияи санадҳои барномавии дахлдор дар шаҳри Душанбе як қатор вохӯриҳои гуруҳҳои коршиносон баргузор гардиданд.
Имрӯз гарчанде соҳаи кишоварзӣ ва ММД дар ҷумҳурӣ афзоиш меёбад, вале истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пурра ба роҳ монда нашуда, ҳатто талаботи дохилиро низ дар ин самт қонеъ карда наметавонад. Аз ин сабаб, стандарти Global G.A.P. ба Тоҷикистон дар бахши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкон медиҳад, ки маҳсулоти содиротии ин кишвар бе мамониат ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш бароварда шавад ва зиёдтар аз ин соҳиби сертификати стандарти мазкур гардад. Ҳоло дар ҷаҳон ба маҳсулоти тару тоза талабот зиёд гардида, аксари кишварҳои олам дар самти вориди маҳсулоти тару тоза як қатор барномаҳоро дар ин самт пеш гирифтаанд. Тоҷикистон низ аз назари бархе чунин кишварҳо барои ҳамкорӣ мувофиқ буда, ин кишварҳои дуру наздики минтақа мехоҳанд бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд. Аммо гарчанде бархе кишварҳо ба молу маҳсулоти Тоҷикистон ҳаматарафа боварӣ дошта бошанд ҳам, мехоҳанд Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҷории ин соҳаро ба даст орад. Хусусан шаҳодатномаи Global G.A.P.-ро, ки ин шаҳоатнома дорои имкониятҳои зиёд мебошад. Масалан, қаблан ба бозорҳои Русия ва Қазоқистон маҳсулоти Тоҷикистон бе ягон мушкилот ворид карда мешуда бошад, вале имрӯз онҳо аллакай талаботҳои стандарти Global G.A.P.-ро ба инобат мегиранд. Бо назардошти он, ҳоло муайян кардани самти фаъолияти давлат ва бахши хусусӣ барои фароҳам овардани шароит барои татбиқи стандарти Global G.A.P дар ҷумҳурӣ хеле муҳим аст.
Бояд гуфт, ки кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ дар ин самт фаъолона кор мекунанд. Масалан, дар Ӯзбекистон як барномаи татбиқшавандаи Global G.A.P. дар ҳоли қабул аст. Агар чораҳои саривақтӣ андешида нашаванд, дар ояндаи наздик истеҳсолкунандагон аз кишварҳои ҳамсоя бо маҳсулоти Тоҷикистон рақобат хоҳанд кард. Дар ин ҳолат, истеҳсолкунандаи кишвари мо метавонад ҳатто он имкониятеро, ки қаблан дошт, аз даст бидиҳад.
Зимни ҷаласаи гуруҳи корӣ Матлуба Улҷабоева, раиси Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон қайд кард, ки тиҷорат ва ассотсиатсияҳои бузурги саноатӣ мехоҳанд дар канори ҳам бошанд ва омодаанд, ки инноватсияро дар соҳаи кишоварзӣ пешбарӣ кунанд ва ҳамчунин дар бозорҳои пешрафта рақобат варзида, бо дастгирии шарикон барои пешрафт ин ташаббусҳоро самаранок амалӣ намоянд. Он дар доираи лоиҳаи «Барномаи мукаммали дастгирии ташкилотҳои миёнарави соҳибкорӣ дар Осиёи Марказӣ — хидматрасонии махсус ва ҳамаҷонибаи корхонаҳои хурду миёна дар соҳаи коркард — CANDY — IV», аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ — Инвест IV маблағгузорӣ карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки имрӯз ягона стандарти интегралӣ дар соҳаи кишоварзӣ — ин стандарти Global G.A.P. мебошад, ки бехатарии шароити истеҳсолоти кишоварзиро кафолат медиҳад. Он дар марҳилаи аввали истеҳсолот ба кор сар мекунад ва тамоми занҷири коркардро ҳангоми парвариши ашё фаро мегирад.
Татбиқи Global G.A.P. маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ метавонад бо роҳи беҳтар кардани сифат ҳаҷми нокифояи содиротро ҷуброн намояд. Мо инчунин на танҳо дар бораи содирот, балки дар бораи нигоҳдории амнияти озуқавории маҳсулоти ватанӣ, ки дар бозори дохилӣ фурӯхта мешавад, суҳбат мекунем.
Global G.A.P. Standard арзёбии маҷмӯи санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла қоидаҳо ва тартиботи санитарию гигиенӣ: қоидаҳои ҳифзи меҳнат, талабот ба сифат ва бехатарии об, истифодаи хок, қоидаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи табиат, стандартҳои истифодаи таҷҳизоти муҳофизатӣ ва дигар зергуруҳҳо, қоидаҳои бартараф кардан ва истифодаи партовҳо ва ғайраро дар бар мегирад.
Манбаъ: Фараж