Skip to content Skip to sidebar Skip to footer

Национальная Ассоциация
малого и среднего бизнеса
Республики Таджикистан

Барои чӣ ба Ассотсиатсияи мо аъзо бояд шуд?

Зарбулмасали хубе ҳаст – “Танҳо дар майдон ҷанговар  нест”.  Дар асоси ин принсип Ассотсиатсияҳо офарида мешаванд, то ки  кўшишҳои соҳибкоронро дар ҳалли мушкилиҳояшон муттаҳид намоянд.

Дар бозорҳои мутараққӣ, ассотсиатсияҳо (иттиҳодияҳо) аксаран нақши қавитарин худтанзимкуниро доранд, ки ин бисёр вақт  ивазкунандаи фаъолияти қонунгузор ва ҳатто самараноктар аз он аст.

Инак, мухтасар, Ассотсиатсияин:

  • таблиғ намудани манфиатҳои иштирокчиёни бозор дар ҳукумат;
  • танзими («мутамаддини») бозори мол ва хизматрасонӣ;
  • манфиатҳои шахсии худи  ташкилотҳо ва одамонидар паси онҳо истода.

 

Манфиатҳои шахсӣ-қудрат ва пул, восита ва нуфуз буда метавонанд.

Маҳз чунин кӯшишҳои муштарак дар мавриди Ассотсиатсияи мочӣ медиҳад?

1. АМСХМ манфиатҳои гурӯҳҳои васеи соҳибкоронро намояндагӣ мекунад, аз ин рў як мақоми баланди иҷтимоиро дорад.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ фаъолияти муштаракро  маҳз бо Ассотсиатсияҳо тарҷеҳ медиҳанд,  на бо ширкатҳои алоҳида. Ҳатто ширкатҳои калон ва бой наметавонад мушкилоти ин гуна сатҳро ҳамчун тағироти қонунгузорӣ,  пастшавии андоз, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ғайраро ҳал намоянд,  аммо Ассотсиатсияи мо чунин имконият дорад ва дар давоми мавҷудияти худ муваффақиятҳои бисёре ба даст овардааст.  АМСХМ  қариб дар ҳама (баъзан ягона аз бизнес-ассотсиатсияҳои  тоҷик!) гурўҳҳои коршиносии  Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қисмати татбиқи барномаҳои иқтисодии ҳукумат ва ислоҳоти қонунгузор амалкунанда пешниҳод шудаанд. Фикру мулоҳизаҳои ба   воситаи ассотсиатсияи мо изҳоргашта, шунида хоҳанд шуд!
2. АМСХМ – ассотсиатсияи маъруф бо робитаҳои васеъ.
Аз аъзо шудан ба  узви Ассотсиатсияи мо, Шумо метавонед унсури иловагии эътимод дар ташкилоти Шумо, имконияти таъсис додани робитаҳои муфиди нав бо муштариён потенсиалӣ,  азҳамкасбонтаҷриба омӯхтанроинтизор доштабошед.  Ассотсиатсия воситаи таъсиррасониҷомеаи ҷамъиятӣ ва касбӣ мебошад, азинрўАссотсиатсияимоякмиёнаравихубдармуносибатбомақомот, шариконипотенсиалӣварақибонаст. АМСХМ – ин PR-воситаи нозук!
3. Ассотсиатсия  кӯшишҳои худро натанҳо оид ба масъалаҳои умумӣ равона мекунад,  махсусан дарбораи пешбурди мушкилоти мавҷудаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон равонамекунад, азин ру хизматрасониҳои мо ҳамеша ахамиятноканд! Ассотсиатсия тадқиқоти мунтазами соҳибкоронро мегузаронад, маълумоти таҳқиқотии оморӣва сотсиологӣчамъ менамояд, бинобарин мо эҳтиёҷоти соҳибкоронро дониста хизматрасониҳои худро пешниҳод мекунем.
4. Хизматрасониҳое, ки аз ҷонибиАссотсиатсияимо пешкаш мешаванд, хелеарзон мебошанд! Муроҷиат ба ширкатҳои консалтингӣ гарон аст, ба хайати ширкат  ба кор кабул  кардани мутахассисони зарурӣниз арзоннест. Бештари корхонаҳои хурд ва миёна имконияти қабули кормандони доимӣ оиди маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, мутахассиси маркетинг ва ё рушди бизнесро надоранд, бисёр вақт ҳатто муҳосиб кисман кор мекунад, зеро музди коршиносони соҳибихтисос на камтар аз 300 доллар дар як моҳро ташкил медиҳад.
Бо пардохти ҳамон нарх, вале, тавре ки агар Шумо як мутахассисро  ба ҳайати ширкат, на дар як моҳ, балки  ба як сол (!!!) ҳамчун сахми узвият дар Ассотсиатсияи мо қабул кардед, Шумо ҳамзамон хизматрасонии ҳайати коршиносони ассотсиатсия, инчунин хизматрасониҳои ҳайатҳои машваратии ширкатҳое, ки АМСХМ  бо онҳо созишнома дорад, мегиред. Дар айни замон, агар ба Шумо хизматрасонии хусусӣ лозим бошад (масалан Шумо тадқиқоти бозори мушаххасро фармоиш додед, ё мехоҳед, ки Ассотсиатсия манфиатҳои Шуморо дар мурофиаи судӣ намояндагӣ кунад), ҳамоне ки Ассотсиатсия алоҳида дар асоси пардохтӣ пешниҳод менамояд-хоҳу нохоҳ арзонтар мешавад, чунончи ҳамаи ширкатҳои консалтингие, ки Ассотсиатсия ҳамкорӣ мекунад, хизматрасонии худро бо тахфифи на камтар аз 25% аз арзиши умумии хизматрасонӣ пешкаш менамоянд!
5. АМСХМ дастрасии васеъ ба иттилооти мубрам дорад, ки мунтазам ба аъзоёни худ пешкаш менамояд.
Ассотсиатсияи мо дар қабули даъватномаҳои гуногун аз ҷониби ташкилкунандагони наммоишҳо, бизнес-форумҳо, семинарҳо ва конфиренсияҳо дар ҷои аввал меистад ва баъдан аъзоёни худро даъват менамояд. Ассотсиатсия бо муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар ҳамкорӣ менамояд ва дорои навтарин маълумот дар бораи бизнес-курсҳо, барномаҳои магистратурӣ ва диг., аз ҷумла маълумот дар бораи гирифтани стипендияҳо ва грантҳо барои таҳсилот мебошад. Ассотсиатсияи мо инчунин метавонад ба шумо тавсия барои гирифтани стипендия диҳад,мутаносибан имкони таҳсили  ройгонҳангоми узви Ассотсиатсия будан якбора меафзояд.
6. Ассотсиатсия – Шарики созмонҳои байналмиллалии донорҳо. Ассотсиатсияи мо оғоз ва иштирок намуд дар як қатор лоиҳаҳое, ки аз ҷониби донорҳои байналмиллалӣ маблағгузорӣ шудаанд. Аз ҳисоби лоиҳаҳо АМСХМ имконияти гузаронидани омӯзишӣ ройгон бароиаъзоёни худро дорад, барои соҳибкорон  мизи мудаввар ва семинарҳо ташкил мекунад, кўмакҳои мубрамтарин барои соҳибкоронро оид ба андоз, расмиёти маъмурӣ ва ғайраро омода ва нашр мекунад.
 
Ассотсиатсияҳо гуногун мешаванд – соҳавӣ, минтақавӣ ва ғайра, аъзоёнро бо дархосту манфиатҳои гуногуг иттиҳод мегардонанд, аз ин рўҳар як ташкилот аъзои кадом (ва шояд якчанд) Ассотсиатсия шуданашро худаш интихоб мекунад. Танҳо вақти интихоб кардан бинед, ки боз киҳо ин Ассотсиатсияро интихоб намудаанд, рўйхати узвияти мо  худ  дар бораи худ мегўяд.

Ассотсиатсияҳо чун ширкатҳо тиҷоратӣ пайдо ва гум мешаванд.Мо аз соли 1993 кор мекунем! Бовар кунед, ки дар ояндаи наздик ҳам гум шуданӣ нестем!

Таҷрибаи калони Мо, доираи васеи хизматрасониҳо, санъати касбии кормандон, ташкилотчигӣ дар кор ва таваҷҷўҳ ба эҳтиёҷоти шахсӣ-кафолатдори он, ки Мо ба Шумо кўмак карда метавонем.

Аммо! Агар Шумо аз Ассотсиатсия чизе ба даст овардани бошед, ба Шумо лозим аст, ки ба вай ҳам чизе диҳед! Яъне иштироки фаъолона доштан дар ҳаёти ў, овардани саҳми воқеӣ ва тарк кардани ғайрифаъолӣ ва мавқеи вобастагӣ. Пардохти узвият-ин хироҷ ё хайрия нест! Он маблағест, ки бо он кори ассотсиатсия  ташкил карда мешавад.

Агар Шумо соҳибкори фаъол ва масъулиятшинос бошед, пас Ассотсиатсияи мо  ВОСИТАИАСОСИИҳалли масъалаҳо хоҳад буд.

Leave a comment