Мусоидат ба рушди бахши ҳунармандӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муносибатхои тиҷоратии одилонаи мутақобилан судманд ва хамкорӣ бо ташкилотҳои миёнарав. Аз моҳи феврали соли 2011 ташкилоти ғайридавлатии итолиёви CESVI дар якҷоягӣ бо Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумхурии Тоҷикистон лоиҳаи “Мусоидат ба рушди бахши ҳунармандӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муносибатҳои тиҷоратии одилонаи мутақобилан судманд ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои миёнарав”-ро амалӣ мегардонад.
Ин лоиҳа аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад ва дар доираи Ёддошти тафоҳум дар бораи хамдигарфахмӣ байни CESVI ва Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол давом меёбад.
Ҳадафи асосии лоиҳа:
Пешбурди бахши хусусӣ тавассути мусоидат ба иқтидори бозории корхонаҳои хурд ва миёна дар ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳадафҳои махсус: Таҳкими иқтидори Ташкилотҳои миёнарави ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини пуштибонии беҳтрин, хизматрасонӣ ва иқтидори бозорӣ барои истеҳсолкунандагони ҳунармандӣ ва ҳунармандон.